БОБИ У. ҚАССОБҲО (шеър). Май Ван Фан Тарҷумаи Султонмуроди Одина аз забони русӣ

Май Ван Фан

Тарҷумаи Султонмуроди Одина аз забони русӣ

 

 

Поэт и писатель Султонмурод Одинаев

 

 

 

 

БОБИ У. ҚАССОБҲО

(МЯСНИКИ - Отрывки из поэмы в прозе “ВРЕМЯ УТЕЛЯ”)

 

 

 

Қассоби 1.

 

Ӯ ҳанӯз зинда, аммо нафаси алангаи оташи дӯзах пеши рӯяш. Тавбакунон, бо зорӣ пеши аланга сар хам кардааст , аммо ниҳоят дер. Хуни мавҷудоти зинда, ки бо воситаи  дасти ӯ рехтааст, ба аъҷубаи азимҷуссае мубадал гашта, атрофи ӯро забт кардаасту мағзи устухонашро мемакад. Ногаҳон аъҷуба ҳуҷуми худро суст мекунад. Қассаб ларзида бо даҳон сарзер меафтад. Хотираааш зинда мекунад лаҳзаҳои охирини ҳаёти мавҷудотеро, ки ӯ кушта буд: ҳангоми зарбаи нишонраси асбоби қассоб чашмони аз косахона баромадаи ғарқи хун.  Пойҳои ҳайвогот вақти ҳар қисмати онро ба оби ҷӯшон андохтан ларзида  беихтиёр паҳн мешуд.  Дар дасти қассрб корди тез ҳангоми ҷудо кардани пӯст аз тани сафед бозӣ дорад. Ҳайвонро сар мебурад, танашро пора мекунад, пойҳояшро, кафшашро ҷудо месозад, ба тартиб мегузорад.

Кассоб ин лаҳза мағлуб аст. Чашмҳояи сарду холяш  нур надоранд, Дарди ҷони ҳайвоноти кушташ ба вуҷудаш гузашта. Ин гузариш бозии ҳалоли қисмат аст, минбари озод, вақти ҳукми адолат аст.

 

 

 

Қассоби 2.

 

Қассобон симои нафир, рӯи хунхори  худро дар ҳамаҷо намоиш медиҳанд:дар ошхона, дар боғот,дар бозорҳо, дар аробаи боркашон, дар тарабхонаву дар саҳроҳо. Онҳо, аз замоне,ки мардум бо воситаи дурагакунӣ тухмӣ кориданӣ шуданд, бо микробҳои ҳамагир дард, бо воситаи  селексия маводи заҳрогинро ба замин омехта тухми даҳшат мекоранд. Ана,ҳаминҳоянд,ки инкишофи меваҷот, нӯшокӣ, таомро бо усули кимиёвӣ меафзоянд, маргро дар шакли гӯшти чорво, хӯрокаи равғанини хуштмъ   пешкаши инсон мекунанд. Шакли гул, таоми сергӯшт, ҷанинҳои зебо. Дастаи  хушбӯи кабудӣ, меваҷоти сероби шафтолу, ки вақти дарозо вайрон намешаванд. Касе намедонад,ки кай ва дар куҷо ин қассобон корди худро ҷавлон медиҳанд. Танҳо аз садои ногаҳонии бонги нақоранавозӣ карнайнавозон аз фавти ногаҳонии ҷавонон аз бемории номуайян ва даҳшатнок хабар мерасонанд. Табарҳои сарду хунук ҳама ҷо да рӯшноию торикӣ ҷило медиҳад. Одамон дар гӯшае аз дарди ногаҳонӣ,дилбеҳузурӣ, парто-парто, аз худ мераванд. Доруҳои таҷрибавӣ, химикатҳои нав ба нав ҷасдҳои навро то ба дараҷаи хушкшавӣ мерасонанд, ҷасадҳои  шахшуда дар тобутҳо пас аз ба хок супоридан ҳатто вайрон намешаванд. Хешу таборон ҳатто барои дар устухонхонаҳо гузоштани ҷасад  корди навро барои аз гӯтш ҷудо кардан устухон истифода мебаранд.* Қассобон  бошанд ҷун ҳамеша дар назди табақҳои худ нишаста аз ҷазо берун мемонанд ва аз дасти дастони нопки дигар таоми нав истеъмол мекунанд.

*Дар Ветнам анъанае роиҷ аст, ки пас аз се соли фавтидан қабрро кушода устухонҳои маитро тоза шуста, ба устухонхона, ки шакли қуттии дарозрӯй дорад,  гузошта аз нав ба гӯр мемонанд. Дар гузашта ин маросим асбоби зиёдатӣ талаб намекард: барои тоза кардани устухон пок шустани он кифоя буд.

 

 

 

Қассоби 3.

 

Як қассоб пеш азмаргаш тавба кардааст. Ӯ ду дасташро ба ҳайси шоҳиди гуноҳҳои худ ба осорхона васият намудааст. Хоҳиши ӯро як рӯз пеш аз маргаш иҷро кардаанд. Дастҳоро дар зарфи шишагин бо омехтаи  маҳлули махсус ҷо кардаанд. Зарф ҳамон замон таркидааст. Ба кӯшишҳои бисёр нигоҳ накарда зарфҳои дигар низ такидаанд. Дар ниҳояти кор кормандони  осорхона дастони қассобро дар  маҳлули спиртӣ ғарқ карда  дар зарфи мустаҳками ғафси девораҳои қӯрғошимӣ ва қулфҳои овезон гузоштаанд. Бо вуҷуди ин  ҳар шаб посбонон шоҳид мешуданд, ки дастони қассоб аз сӯрохии хурди зери сапӯш кӯшиши берун шудан мекард. Дастҳо роҳи ба сӯйи ҳайкали дар мобайни иморати осорхонаро меҷустанд.

 

 

 

Қассоби 4.

 

Қассоб   шакли гулро гирифта метавонад ва туро бо чеҳраи мунаққашу бӯйи хуш асир мекунад. Ӯ туро бо сеҳри чеҳра ба ягон куннҷак ё гӯшаи торик  ва ё ба майдони пойи одам норасида  мебарад ва мегӯяд,ки ту бояд интихоб кунӣ, ки чӣ тавр мурдан мехоҳӣ. Табиист, ки ту шӯру мағал мекунӣ, аммо ин бефоида, ин амалҳо чизеро тағйир дода наметавонанд. Ӯ чанд воситаро барои интихоб пешниҳод мекунад. Ана яке аз онҳо: ана китобе, ки туро ба бефарқӣ, бетарафӣ, маҳв кардани эҳсос  роҳнамо аст.  Бо таври дигар аз бӯйи хуши гулҳо  ҳаловат бар, ки олами вуҷуди туро мекуушад ва эҳсоси дмгарро ҳис намекунӣ. Ин китоб ҳиси туро мефиребад. То пагоҳ, бо эҳсоси қаноатбахш худро бовар мекунонӣ, ки ҳаётатро , зиндагиатро ба рӯҳи зебое бахшидаӣ.

 

 

 

Қассоби 5.

 

Ӯ шаб меояд ва чароғро гиронда ба ҷогаҳам  ворид мешавад. Бо чолокӣ китоби кушодаи маро аз дастам мерабояд, аз мӯйи сарам гирифта ба сӯяш мегардонад. Акнун рӯйи ман ба боло нигаронида шудааст, ӯ хам шуда бо диққат маро назорат мекунад. Сипас муқоваи китобро аз назар гузаронида маро оҳиста раҳо мекунад. Аз ин кори вай ҳайрон мешавам. Аниқ, ки қассоб ба шикори касе баромадааст, то варо рабояд. Ӯ бо нигоҳи шубҳанок ба ман дуру дароз нигариста, оҳиста меравад. Вақте ки ӯ саросема бо нигоҳи оташбор ва бо корди ялаққосӣ бармегардад, аллакай ман он ҷо нестам. Шаби торик маро пинҳон карда имкон дод, ки рафтор, ният, тарҳи рӯйи қассоби бадниятро бамало бубинам. Ӯ баргашта намедонад, ки ман куҷоям, гарчи хеле ба ӯ наздикам.

 

 

 

Қассоби 6.

 

Қассобони ғоявӣ моро маҷбур мекунанд, ки рост равем, аз роҳамон барнагардем. Аммо дар олами моддӣ баҳру кӯлу обшорон бисёранд! Роҳи рост дар замини зудҳаракот нест. Эволутсияи инсоният бо роҳи каҷокилеб меравад ва тамаддунҳо дар нимароҳ пайдо мешаванд. Қассобон инро медонанд пешгирӣ мекунанд. Бо зудӣ онҳоеро, ки ғайримуқаррару ба чашми онҳо шубҳаоварро нест месозанд. Ман он қассобонро дар шафати роҳҳо мебинам, ки бо тани нимбараҳна, тани лучашон аз аксу рақамҳо холкӯбӣ пур ором интизори мисли симчӯбҳо истрдаанд.

 

 

 

Қассоби 7.

 

Ӯ ин ҷаҳонро тарк кардааст. Ягона нишонаи ӯ, дар олами зиндаҳо нимпайкраи ӯст, ки болои қабраш гузоштаанд. Рӯйи пурра, бурутҳои ғафс, чашмон нимбаста, мӯйи сар ба қафо шона зада. Нимпайкара бо тугмаи дуюм либосаш ба чашм менамояд. Дастони пур аз хунаш ба замин чуқур гӯр шуда. Писари хурдияш саҳифаи махфии васияти ӯро нигаҳ медорад. Дар он навиштааст, ки васиятномаро баъди гузашти  шаҷараи семи насл кушояд. Он вақт замоне мерасад, ки ба пасмондаҳо рӯшод моҳияти онро гуфтан мумкин. Он вақт қасссобон несту нобуд мешаванд. Баъди насли сеюм одамон корҳои неки ӯро васф хоҳанд кард, ки  вай чӣ тавр инсони раҳмдил, меҳрубон, доро, яктои олам буд.

 

 

 

 

Султонмурод Одинаев: Член Союза писателей и журналистов Таджикистана,  поэт и писатель Султонмурод Одинаев  родился 3 ноября 1950 года в городе Гиссар Республики Таджикистан. Автор более 100 книг. Заслуженный работник Таджикистана.

 

 

 

 

Old mausoleum in Khujand

Табиати зебои Тоҷикистон

 

 

 

 


BÀI KHÁC
1 2 

image advertisement
image advertisement
image advertisement




























Thiết kế bởi VNPT | Quản trị