УҚОБОН (шеър). Май Ван Фан. Тарҷумаи Султонмуроди Одина аз забони русӣ

Май Ван Фан

Тарҷумаи Султонмуроди Одина аз забони русӣ

 

 

Поэт и писатель Султонмурод Одинаев

 

 

 

УҚОБОН

«ОРЛЫ»

 

Ҳар яки мо пачами худро баланд афрохта,

Дар дарахту қуллаю майдон варо афроштем,

Баҳри тими яккачин дар кӯчаю бозорҳо,

Рамзи Ветнамро ба тори сар басе бардоштем.

 

Ветнамиҳои ҷавон ин ҷо қадам бигзоштанд,

Мисли говмеши ҷасуру якрави ояндадор.

Бин, ҷавонони далеру масти аз худ даргузар,

Ҳар яке ҷонбозу марди бар мақомаш устувор.

 

Бачаҳои осиёӣ, ӯзбекон мисли уқоб,

Аз муқобил пар зада зебову озоду далер,

Аз Бухорову Самарқанд,аз макони офтоб,

Зидди ҳамсафҳо бароянд устувору мисли шер.

 

Тӯб ба бозӣ. Мавҷи байрақ пеш-пеш,

Мухлисон чун мавҷ мисли бод хезад аз замин.

Дар бари майдон ба пешвози уқобони далер

Говмешон гашта омода ба рамзе  аз камин.

 

Лаҳзаи охир Ветнам монд ҳайрону малӯл,

Ӯзбекҳо розӣ аз ғолибии худ гаштаанд.

Дӯстӣ  ғолиб омад гарчи ветнамзодаҳо,

Гашта мағлуби уқобон аҳди дӯстӣ бастаанд.

 

 

 

 

Султонмурод Одинаев: Член Союза писателей и журналистов Таджикистана,  поэт и писатель Султонмурод Одинаев  родился 3 ноября 1950 года в городе Гиссар Республики Таджикистан. Автор более 100 книг. Заслуженный работник Таджикистана.

 

 

 

ИСТОРИКО-ПРИРОДНЫЙ ПАРК ШИРКЕНТ - Go Travel Tajikistan - all the most  interesting about Tajikistan

Табиати зебои Тоҷикистон

 

 

 

 


BÀI KHÁC
1 2 

image advertisement
image advertisement
image advertisement




























Thiết kế bởi VNPT | Quản trị