БОБИ VI. МУБОҲИСАҲО (шеър). Май Ван Фан Тарҷумаи Султонмуроди Одина аз забони русӣ

Май Ван Фан

Тарҷумаи Султонмуроди Одина аз забони русӣ

 

 

Поэт и писатель Султонмурод Одинаев

 

 

 

БОБИ VI. МУБОҲИСАҲО

( ДИАЛОГИ - Отрывки из поэмы в прозе “ВРЕМЯ УТЕЛЯ”)

 

 

       Мубоҳисаи 1.

 

  • Ман соли 1941 кушта шудаам.
  • Дар куҷо?
  • Дар зери дарахти памелова.
  • Кӣ шуморо кушт?
  • Гумоштагони махфии франсузон ва сардори минтақавӣ.
  • Шумо бо худ чӣ доштед он лаҳза?
  • Ливо.
  • Онро барои  кӣ оварда будед?
  • Барои камбағалон ва ҷафодидагон.
  • Он муқаддасоте магар  мешуд, ки пар меафканд?
  • Ӯ аз паси худ деҳқону коргар ва инсонҳои  соҳибмаълумотро  мебурд.
  • Мақсади ниҳоии шумо чӣ буд?
  • Соҳибистиқлолият, озодӣ ва бахт.
  • Аниқтар гӯед!
  • Мардум дигар дар хорӣ, камбағалӣ набояд мезист, андозҳои миёншикан нест  мешуд, касе касеро масхара намекарду фишор намеовард, беадолатӣ нест карда мешуд. Ҳаёт озоду аҳолӣ хушбахт мешуд.
  • Ҳоло ҳам ба ин боварӣ  доред?
  • Ҳама вақт бовар доштам ва дорам.
  • Ман он бовариро чӣ гуна бинам?
  • Ба замини сиёҳхоки  сард ва ба майсаи сабз нигар.
  • Биё, ман  сабзаи  пеши  дастамро канам.
  • Ин оташи заҳролудаи хлорофил ҷовидон дар аланга аст. Ин оташро ба наслҳои ояда вогузоштан мумкин аст?
  • Онҳо инро медонанд, аз  тифлӣ шинос мекунанд  онҳоро ба ин.

     

     

    Мубоҳисаи 2.

     

  • Ман капрали калони двизияи 25-уми пиёдагарди “Барқи тропикӣ”-и Қувваҳои Мусаллаҳи Ветнами Ҷанубӣ, ки 28 апрели соли 1975 дар  пойгоҳи Донг Зу  кушта шудаам.
  • Ман сержанти двизияи С5, 320А-и армияи халқии Ветнам, ки ҳангоми рафтан бо танки Т-54 ба самти пойгоҳ маҳв шудаам.
  • Надиктар биё, мо яроқамонро ба олами зиндаҳо вогузоштаем.
  • Бубинем зиндаҳоро: чӣ тавр онҳо баробари хӯрдану нӯшидан чӣ тавр мекоранду мешинонанд.
  • Онҳо бо мо роҳи хунинро тай карданду зинда монданд.
  • Қариб панҷ миллион ветнамиҳо аз ду ҷониб қурбон шуданд, беш аз инҳо ҷафо кашиданду аз аввли ҷанг аз ҳам ҷудо карда шуда буданд.
  • Нисфи майдони ҷангалзор нест карда шуда буд. Даҳ ҳазорҳо бо “агенти оранҷ”* заҳролуд карда шуданд.
  • Мо бисёр гавҳарҳои хазинаи  ба чашм ноаёнро аз даст додем.
  • Пас, гузаштан аз роҳи хунин зарур буд?
  • Пас, зарур буд?
  • Пас, зарур будааст.

     

     

    Мубоҳисаи 3.

     

  • 2 феврали соли 1979 моро аз гузаргоҳ  мегузаронданд ва ман дар болои пули Баклуан фавтидам.
  • Мо дидем, ки чӣ тавр қӯмондон амр кард, ки ҷасадро ба дарёи Ка Лонг партофта аз бори зиёдатӣ халос шавем ва роҳ ба аскарони хитоӣ ба ҳудуди Ветнам кушоем.
  • Рӯҳи ман он вақт шоҳид буд, зеро чашмони варамидаам ба сӯйи  қӯмодон нигарон буд.
  • Қувваҳои худмуҳофизам Ветнам ҷасади шуморо ба сангобаи Чанкоф оварда ба хок супориданд.
  • Шумо то ҳол   Ветнамро чашми дидан надоред?
  • Маро мағзшӯйи карда буданд пеш аз он ки ин ҷо оранд.
  • Бо воситаи варақаҳо, китобчаҳо, филмҳо?
  • Не, коркунони сиёсии артиши Халқӣ-озодихоҳии Хитой шахсан  бо мо дар муомила буд. Мао, сарбозон, кам китоб мехонем.
  • Дар ҳама вақт мо аз хуну пӯсти худ гузашта, дар роҳи шумо монеа месохтем.
  • Тафаккури ман баъди мурданам инро дарк кард.
  • Шумо душмани ашаддии  бераҳм ва хунхори мо дар тӯли таърихи чорҳазорсолаи мо будед.
  • Рост, сулолаҳои мо бо нӯшидани хуни мардум ба по будаанд.
  • Вақте ки шумо муқтадир мешавед, ба дигарон касофат ва камбағалӣ меоред.
  • Шумо узви ҳизби коммунист будед?
  • Пурсиш ҳоҷат надорад. Шумо ба масъалаи дохилимиллӣ дахолат доред.
  • ............

       

     

    Мубоҳисаи 4.

     

  • Шакли умумии ягонаи ҳама гуна ҷамеа  вуҷуд надорад.
  • Барои ҳар давра идеали худаш ҳаст.
  • Мо дар нуқтаи пастарини синусоид ҷо гирифтаем.
  • Не, дар оғози даври нав.
  • Барои ифодаи боҳибихтиёрӣ,озодӣ, бахт дигар ифодаҳо зарур аст?
  • Рафти зиндагӣ  ҳамаро шарҳ хоҳад дод,
  • Ту дар бораи озодӣ муфассал нақл карда метавонӣ?
  • Ин инстинкти худмуҳофиза, ки одамонро муайян мекунад.
  • Одамон ҳама вақту замон муқобил истоданро ба зулми дигарон дарк мекунанд.
  • Пас , озодӣ  ин сарчашмаи орзу, ҳуқуқҳои инсон ва демократия аст?
  • Бале.
  • Пас, ин аз нияти шафофияти сохти  давлатдорӣвобаста аст?
  • Не, орзуи озодӣ ба инсон хоҳиши  зарурияти сохтани давлати ҳуқуқбунёдро ба  вуҷудмеорад,
  • Истиқлолият ва бахт чист?
  • Инҳо оғози, сарчашмаи озодиянд. Алоқаи натиҷа ва сабаб.
  • Истиқлолият аз ҳама пурарзиш аст?
  • Мо маҷбур шудем чандин наслро қурбон кунем, то ба он бирасем.
  • Аз афташ баробарвазнӣ бо воситаи ҷаҳонишавӣ ба даст меояд?
  • Бори дигар ин мафҳумро нав кардан зарур.
  • Ту худро озод дидан мехоҳӣ?
  • Ман озодӣ надорам, ҳатто дар идора кардани дарди худ.

     

     

    Мубоҳисаи 5.

     

  • Ман қатраи обам.
  • Мо бо ҳам пайваст гашта қатраи калонро ташкил мекунем.
  • Не. Мо дар ваҳдати ҳамдигарем ва азҳамдигар ҷудо.
  • Пас, ақли мо ва ҷони мо маҳдуданд?
  • Ҷамъияти мутараққӣ маҷмӯи инсонҳо бешумори хулқи  гуногун ва  фаросати мухталифдошта иборат аст.
  • Ин асоси ҳуқуқи инсон аст?
  • Ҳар қатраи об ҳуқуқи баёни андешаи худро дорад.
  • Онҳо баробарҳуқуқ ва озоданд.
  • Ман бо инояти Офаридгор мавҷудам.
  • Ман бо шарофати кромоти Буддо  равшанӣ ёфтам.
  • Дигарон ба Модар-Худо эътиқод доранд.
  • Ман ҳама гуна амалро эҳтиром дорам.

 

 

*”Агенти оранҷӣ” - номи маҳлули заҳрохимикатҳои нобудкунандаи мавҷудот, истеҳсоли сунъӣ. Аз ҷониби Қувваҳои мусаллаҳи ИМА дар ҷанги дуюми Ҳинухитой аз соли 1961 то 1971 барои нобуд сохтани наботот ва ҷагалҳо дар ҳудуди Ветнам Ҷанубӣ истифода шудааст. Ин барои ёфтани қисмҳои ҳарбии армияи Ветнами Шимолӣ ва чирикиҳои Ветнами Ҷанубӣ кӯмак мерасонд. Истифодаи “Агенти оранҷӣ” - яке аз яроқҳои кимиёвӣ аст, ки барои бесамар кардани замин ва қатли ом истифода мешуд. Номашро нисбати истифодаи зарфҳои рангашон норанҷии дар кашонидани заҳрохимикатҳо истифодашаванда гузоштаанд. Аз  се миллион  аҳолии заҳролудшудаи Ветнам беш аз миллион нафари то ҳаждаҳсола ногиро шуданд.

 

 

Султонмурод Одинаев: Член Союза писателей и журналистов Таджикистана,  поэт и писатель Султонмурод Одинаев  родился 3 ноября 1950 года в городе Гиссар Республики Таджикистан. Автор более 100 книг. Заслуженный работник Таджикистана.

 

 

 

Khorog

Табиати зебои Тоҷикистон

 

 

 

 


BÀI KHÁC
1 2 
image advertisement
image advertisement

image advertisement
image advertisement




























Thiết kế bởi VNPT | Quản trị